Содирот аз Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёфтааст

Содироти мол аз кишвар дар се моҳи аввал якбора коҳиш ёфт ва танҳо нисфи арзиши ҳамин давраи соли 2021-ро ташкил додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5% ё 116,7 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти идораҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, ин рақам бештар аз 1,6 миллиард долларро ташкил дод. Ҳамзамон бо 94 кишвари ҷаҳон тиҷорат сурат гирифтааст, вале воридоти мол аз 77 давлат нисбат ба содирот бартарӣ дорад ва моли 56 давлат танҳо ворид карда мешуд.
Ба ин далел тавозуни савдо манфӣ буда, 737,2 миллион долларро ташкил додааст.
Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод
Воридоти мол дар семоҳа 43 фоиз афзуда, ба маблағи беш аз 1,2 миллиард доллар баробар шудааст . Ба ҳисоби пулӣ афзоиш 362,7-миллиондоллариро ташкил додааст.
Содироти коло баръакс, нисбат ба соли гузашта беш аз ду баробар кам шуда, 470 миллион долларро ташкил дод.
Танҳо бо 7 кишвар содирот нисбат ба воридот бо фарқияти хурд бартарӣ дорад. Дар байни ин мамлакатхо Туркия ва Белгия ҳастанд, ки ҷумҳурӣ ба онҳо металлҳои қиматбаҳо, алюминий ва нахи пахта мефиристад.
Қаблан маълум шуда буд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 43% афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон содироти сангҳои қиматбаҳоро коҳиш дод
Дар муомилоти умумӣ, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин муддат 901 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ 53,7 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои ҷумҳурӣ ба кишварҳои ИДМ рост меояд. Шарикони асосии тиҷоратии кишвар аз ИДМ Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон буданд.
Ҳаҷми муомилоти мол бо Федератсияи Русия дар 3 моҳи соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион доллар, бо Қазоқистон 353,9 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 132,9 миллион долларро ташкил додааст.