ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Бар асари садамаҳои нақлиётӣ, ки рӯзҳои истироҳат дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, се нафар ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, шоми 8-уми май ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Зоиров Ҷовидони 34-сола, сокини ноҳияи Фархор дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз уҳдаи идораи худрав набаромада, пиёдагард Шарипов Маҳсиддини 38-сола, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ боз шоми ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи "Равон" Амиров Абдулкарими 67-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент, дар ҳудуди шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Султонов Улмаси 24-соларо пахш намудааст.
Дучархарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, афзуд ВКД.
Ба иттилои ВКД, ҳодисаи маргбори сеюм пеш аз зуҳри 9-уми май дар шоҳроҳи Чанноқ-Хуҷанд - Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сар задааст.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Турсунов Шавкатҷони 27-сола, сокини шаҳри Бӯстон аз ухдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои “Скутер”, ки ба Шерматов Нуруллои 21-сола, сокини ноҳияи Б. Ғафуров тааллуқ дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа Шерматов ҷароҳатҳои гуногуи ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идора дорад.