Болоравии нархи нерӯи барқ як силсилаи болоравии нархҳо, ҳам барои таъминкунандагони ашёи хом ва ҳам саноати бастабандӣ ва ширкатҳои логистикиро ба вуҷуд овард.
Ҳамин тариқ, роҳбарияти корхона тавлидкунандаи оби ҷави “Пиразер” мегӯяд, бидуни тавофуқ бо шарикон нархи маҳсулоти тайёрро боло бурда наметавонад ва барои кам кардани хароҷот омодагӣ мегирад.
Ёдрас менамоем, ки баъд аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина Ғарб, аз ҷумла Олмон алайҳи Русия таҳримҳои миёншикан ҷорӣ карданд, ки онҳо пеш аз ҳама ба худи кишварҳои аврупоӣ зарарӣ ҷиддӣ расонданд.
Аз ҷумла таҳримҳо тамоми роҳҳои логистикиро вайрон карда, кишварҳои ғарбиро ба буҳрони ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ карданд.
Мақомоти Русия аз кишварҳои ғайридӯст талаб кард, ки аз ин ба баъд пардохти пули газ бо рубл сурат гирад. Дар сурати қабул накардани ин шарт Ғарб метавонад ба буҳрони ҷиддии энержӣ рӯ ба рӯ шавад, ки боиси қиматии ғизо ва бекории мардум хоҳад шуд.