ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Пайдо шудани “саркашҳо” аз пардохти ҳаққи гази Русия тибқи нақшаи нав боиси болоравии нави қимати “сӯзишвории кабуд” дар Аврупо мешавад, мегӯяд, Мария Белова, мудири умури таҳқиқоти ширкати "Vygon Consulting" ба РИА "Новости".
"Наздик шудани муҳлатҳои пардохти пули гази аксари ширкатҳои аврупоӣ дар моҳи апрел боиси пайдо шудани "саркашҳо"-и нав мешавад, ки маънои болоравии нархҳоро дорад. То чӣ андоза қавӣ ва ба кадом муддат аз шумори онҳое вобаста аст, ки намехоҳанд, ҳамкорӣ бо "Газпром"-ро идома диҳанд", - мегӯяд ҳамсуҳбати оҷонсӣ.
Таҳлилгар афзуд, бо дарназардошти наздик шудани фасли тобистон ва дар натиҷа мавсими коҳиши талабот ба газ (бидуни зарурати пур кардани анборҳои зеризаминӣ) метавон ҳудуди 1000 доллар барои ҳазор метри мукааб нархро интизор шуд.
Қаблан Белова қайд карда буд, кишварҳои баъдӣ, ки аз харидории газ аз Русия даст мекашанд, метавонанд Македонияи Шимолӣ, Ҳолланд ва Сербистон бошанд.
Ёдовар мешавем, Полша ва Булғористон аввалин шуда, аз пардохти пули газ бо рубл худдорӣ карданд. Ба дунбол расонаҳо хабар доданд, ки Финландия низ тасмим гирифтааст, пули газро бо рубл пардохт накунад. 27 апрел "Газпром" содироти газ ба ширкати "Булғоргаз" ва PGNiG-и лаҳистониро мутаваққиф кард.
Рӯзи 23 март раисиҷумҳур Владимир Путин дар бораи пардохт барои интиқоли газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар давлатҳое, ки алайҳи Русия чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ кардаанд, ба рубл хабар дод.
Сипас ӯ фармони мувофиқро имзо кард ва гуфт, ки агар кишварҳои ғайридӯст аз 1 апрел бо рубл пардохт накунанд, Русия инро дар иҷрои қарордодҳои газ ҳамчун дефолт арзёбӣ хоҳад кард.
Бар асоси тарҳи нав, "Газпромбонк" барои харидорони хориҷии газ ҳисобҳои махсуси арзӣ ва рублӣ боз мекунад. Харидор метавонад ба суратҳисоби аввал бо асъоре, ки дар шартномаи таҳвили сӯзишвории кабуд нишон дода шудааст, маблағ гузаронад, бонк онро дар биржаи Маскав мефурӯшад ва пас аз он рублро ба суратҳисоби харидори газ ва аз он бо таъминкунандаи газ - "Газпром" мегузаронад.