ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+3 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд бошад, ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро ҳавои камабр ва борони кӯтоҳмуддат интизор аст. Раъду барқ низ дар минтақа ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.
Гармои ҳаво дар водиҳо шабона ба 16+21, рӯзона 27+32 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо шабона 11+16, рӯзона 19+24 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.