ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Владиимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, кишвараш ҳеҷ гоҳ аз эҳтиром ба тамоми халқҳо ва фарҳанги онҳо даст намекашад, аммо дар Ғарб талош доранд, ки онро аз байн баранд.
"Русия рафтори дигар дорад, мо ҳеҷ гоҳ муҳаббат ба Ватан ва аз эътиқоду арзишҳои суннатӣ ва расму оинҳои аҷдодии худ, ҳамчунин аз эҳтиром ба тамоми халқу фарҳанги онҳо даст намекашем. Дар Ғарб ин арзишҳои ҳазорсоларо ба назар мерасад, зери пой кардаанд. Чунин таназзули ахлоқӣ асоси сохтакориҳои бемаънии таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, барангехтани русбадбинӣ, ситоиши хоинон, масхара кардани хотираи қурбониён, зери пой кардани ҷасорати нафароне, ки барои ғалаба талоши сахт карданд, шуд”, - гуфт Путин зимни суханронӣ дар паради "Ғалаба".
Ҳамзамон роҳбари Русия гуфт, хотираи Ҷанги бузурги ватанӣ фаромӯш намешавад ва 9 майи соли 1945 тантанаи ягонаи халқи шӯравӣ буд.
Президенти Русия Владимир Путин Рӯзи ғалабаро тантанаи муттаҳидии мардуми шӯравӣ номид.
"9 май соли 1945 ҳамчун тантанаи халқи советии ягонаи мо, ягонагӣ ва иқтидори маънавии он, корнамоии бемислу монанд дар фронт ва ақибгоҳ дар таърихи ҷаҳон абадӣ сабт гардид", - таъкид намуд Путин.
Зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ дар Маскав раисҷумҳури Русия қайд кард, дар Русия оилае нест, ки дар Ҷанги бузурги ватанӣ талафот надода бошад ва ёди он фаромӯш намешавад.
"Мо аз насли диловари ғолибони мағлубнашуда фахр мекунем, ки ворисони онҳо ҳастем. Онҳое, ки фашистонро торумор кардаанд, ба мо васият кардаанд, ки ҳушёр бошем ва ҳама корро кунем, то даҳшати ҷанги умумиҷаҳонӣ дигар такрор нашавад", - афзуд Путин.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.