ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон раҳпаймоии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
"Афсарони низомии Русия дар пойгоҳи 201-и мустақар дар Тоҷикистон дар раҳпаймоии тантанавии бахшида ба таҷлили 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат карданд", - омадааст дар хабар.
Дар ҷараёни ташкилӣ фармондеҳи қисми низомии Русия, полковник Евгений Ковилин ҳайати шахсии қисмро бо Рӯзи ғалаба табрик гуфта, фармони табрикиро қироат кард.
Дар чорабинии идонаи соли ҷорӣ аввалин бор дружинаи парадӣ, ки аз хидматчиёни ҳарбӣ иборат аст, ширкат варзид.
Ба ҷуз аз раҳпаймоии тантанавӣ дар Маҷмаи ёдгории қаҳрамононе, ки дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ дар майдонҳои набард ҷон бохтаанд, хидматчиёни ҳарбӣ ба пояи "Оташи абадӣ" гулчанбар гузоштанд.
Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Ёдовар мешавем, ки бо ҳузури сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов садҳо нафар аз меҳмонону сокинони пойтахт то боғи "Ғалаба" роҳпаймоӣ намуданд.