ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат 77-умин солгарди Рӯзи пирӯзиро барои тамоми мардуми Тоҷикистон муборакбод гуфт.
Паёми табрики президентро дафтари матбуотии роҳбари давлат интишор намуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи собиқадорон ва иштирокчиёни ҷангро самимона табрик намуд.
"9 май барои мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи онҳое, ки дар майдони набард ҳалокат шуданд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон, ки дар ақибгоҳ чандин сол барои таъмин намудани ғалаба кор кардаанд, аст", - гуфт ӯ.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки аз яку ним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони ҷанг сафарбар гардиданд, ки аз ин миён беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Роҳбари давлат гуфт, номи нек ва корномаи онҳо дар сафҳаи таърихи тоҷикон абадан сабт гардид.
Ба таъкиди президент, мардуми Тоҷикистон баъди қурбонӣ додани беш аз сад ҳазор нафар аз фарзандони худ дар майдонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон бори дигар ва ин дафъа дар дохили кишвар даҳшату фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд.
Ӯ гуфт, талафоти ин ҷанг ба фарқ аз ҶБВ бештар буд. Зеро дар ҷанги солҳои навадум беш аз 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
"Имрӯз сокинони Тоҷикистон шукрона мекунанд, ки дар Ватани маҳбуби мо сулҳу субот пойдор аст ва мо дар шароите, ки дар кишварамон ваҳдати миллӣ ва фазои созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост, ба хотири ободии диёрамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон бо заҳмати созанда машғулем", - афзуд роҳбари давлат.
Зимнан президент қайд намуд, ки аз садҳо ҳазор иштирокчии ҷанг дар Тоҷикистон ҳамагӣ 57 нафар дар қайди ҳаёт ҳастанд.
Соли гузашта дар Рӯзи ғалаба дар Тоҷикистон 94 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсар ширкат ва 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд.
Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд.
Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шудаст.