ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон заминаҳои тавсеаи муносиботу ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии ду кишвар баррасӣ намудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон зимни дидор гуфт, ки Эрон барои тавсеаву тақвияти муносибот дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии ду кишвар омодааст.
Муҳаммадтақии Собирӣ илова кард, ки иштирокоти фаровони ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, бавижа дар ҳавзаи фарҳангӣ зарфияти бисёр хубе барои густариши ҳамкориҳои мутақобил буда ва Эрон дар бораи таъмиқи муносиботи адабӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад.
Собирӣ дар бахши дигаре аз суханони худ сафари ҳайатҳои фарҳангӣ-ҳунарӣ барои ширкат дар намоишгоҳҳои китоби Эрону Тоҷикистон, дидор аз марокизи фарҳангӣ-ҳунарӣ ва таърихии ду кишвар, баргузории намоишгоҳҳои муштарак бо ҳадафи муаррифии дастовардҳову фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, муаррифии осори мумтозу барҷастаи адабиёти тоҷику Эрон, таҷлил аз муносибатҳои миллии ду кишвар ва аз ҷумлаи баргузории рӯзҳои ҷаҳонии Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлавиро аз ҷумлаи заминаҳои ҳамкорӣ дар тавсеаву тақвияти муносиботи фарҳангии ду кишвар баршумурд.
Дар ҳамин ҳол Низом Қосим гуфт, Эрон аввалин кишваре буд, ки 1992 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафоратхонаи худро дар Душанбе боз кард.
“Мо иштирокоти фарҳангии фаровоне дорем, ки метавонад барои густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф асаргузор бошад”, - афзуд Нозим Қосим.
Раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ҳамчунин хостори тадовуми ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар шуд.