Дар Маскав "Ҳанги ҷовидон" шуруъ шуд. Имсол раҳпаймоён аз хиёбони Ленинград, Тверская ва Тверская-Ямски -1, аз кӯчаи Охотний Ряд, Манежная ва майдони Сурх мегузаранд. Роҳпаймоӣ то ҳафт километр тӯл хоҳад кашид.
Роҳпаймоӣ дар 88 кишвари дунё низ сурат мегирад. "Ҳанги ҷовидон" як иқдоми оммавӣ аст, ки ба хотири абадӣ гардонидани хотираи иштирокчиён ва қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор мешавад.
Дар доираи он 9 май ва ё дар рӯзҳои наздик иштирокчиён дар даст шиору акси хешовандони собиқадорашонро гирифта, ба кӯчаҳо мебароянд.
Дар солҳои 2020 ва 2021 бинобар пандемияи коронавирус, чорабинӣ ба таври онлайнӣ гузаронида шуд. Илова бар ин аз афроде, ки ба ин иқдом мехост пайваст шаванд, даъват карда мешуд, ки акс ва тарҷумаи ҳоли мухтасари наздикони худро дар сомонаи расмии лоиҳаи "Хроникаи халқӣ" нашр кунанд.
Таърихи "Ҳанги ҷовидон" 9 майи соли 2012 аз Томск оғоз шуд. Он замон дар роҳпаймоӣ қариб шаш ҳазор нафар иштирок намуда буданд.
Соли 2013 ин амал дар 15 шаҳр, аз ҷумла Маскав ва Санкт-Петербург низ баргузор гардид. Сар аз соли 2015 "Ҳанги ҷовидон" дар хориҷи ин кишвар низ баргузор мешавад.