Хӯроки саҳроӣ ва намоиши мошинҳои нодир дар Хуҷанд - акс

Дар маркази шаҳри Хуҷанд бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба намоиши мошинҳои нодир ва хӯроки саҳроӣ барои меҳмонону сокинон баргузор шуд
Sputnik
Ҳазорҳо сокини хурду бузург ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба боғи Камоли Хуҷандии шаҳр омада, то мошинҳои нодири замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶБВ-ро тамошо намоянд.
Ҳамзамон барои тамошобинон ва нафароне, ки дар ин ҳамоиш иштирок доштанд, дар боғи Камоли Хуҷандӣ хӯроки саҳроӣ ташкил карда шуд.
Ин хӯрок монанди ғизои афсароне буд, ки дар солҳои ҶБВ дар майдонҳои ҷанг мехӯрданд. Ин хуроки саҳроӣ писанди тамоми тамошобинон шуд.
Ин чорабинӣ бо ибтикори консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд ва мақомоти Суғд баргузор шудааст.
1 / 16

Дар Хуҷанд бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба намоиши мошинҳои нодир баргузор шуд.

2 / 16

Барои маҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд даҳҳо мошини нодир ба намоиш гузошта шуд.

3 / 16

Дар ин намоиш мошинҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба номоиш гузошта шуданд.

4 / 16

Ҳазорҳо сокини хурду бузург ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд барои тамошои мошинҳои нодири замони Иттиҳоди Шӯравӣ омада буданд.

5 / 16

Ҳазорҳо сокини хурду бузруг ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба боғи Камоли Хуҷандии шаҳр омаданд, то мошинҳои нодири замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶБВ-ро тамошо намоянд.

6 / 16

Мошини "Победа" дар намоиши мошинҳои нодир

7 / 16

Хушҳолии кӯдакон аз намоиши мошинҳои нодир

8 / 16

Навохтани сурудҳои замони ҷанг ҳам барои сокинон ташкил карда шуд

9 / 16

Рақси кӯдакон

10 / 16

Кӯдакон низ барои тамошобинон чанд суруди замони ҶБВ-ро овозхонӣ карданд

11 / 16

Дар ин маросим ҳазорҳо сокину меҳмони шаҳр ҳузур доштанд

12 / 16

Ҳамзамон дар ин маросим куҳнасарбозон низ иштирок доштанд

13 / 16

Сурудҳои замони ҶБВ дар иҷрои кӯдакон

14 / 16

Маросими намоиши мошинҳои нодир бо шукуҳу шаҳомат анҷом ёфт

15 / 16

Ҳамзамон дар боғи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд барои тамошобинон хӯроки саҳроӣ ташкил карда шуд

16 / 16

Ин хӯроки саҳроӣ писанди тамоми тамошобинон шуд.

Ёдрас менамоем, ки ахиран дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, намояндагони консулии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.
Бо гузашти низомии аскарону афсарон ва гузоштани гулчанбарҳо аз ҷониби идораву ташкилот ва муассисаҳо ба пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ анҷом ёфт.
Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" бо ҳузури садҳо нафар баргузор шуд
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Иштироки Раҳмон дар режаи низомӣ бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба - акс
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.
Бояд қайд намуд, ки то имрўз дар вилояти Суғд ҳамагӣ 18 нафар аз иштирокчиёни ҶБВ боқӣ монда, дар 77-солагии таҷлили Рӯзи ғалаба 3 нафари онҳо иштирок намуданд.