ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" баргузор шуд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон шоҳиди ин чорабинӣ буд. Иштирокчиён аз хиёбони Дӯстии халқҳо то боғи "Ғалаба" роҳпаймоӣ намуданд.
Барои гиромидошти аҷдодони дар Ҷанги бузурги ватанӣ қурбонишуда садҳо нафар аз сокинону меҳмонони пойтахт ба кӯчаҳо баромаданд. Дар байни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам собиқадорон низ буданд.
Пас аз расидан ба боғи "Ғалаба", иштирокчиён назди "Оташи абадӣ" саф оростанд ва ҳама бо як овоз суруди "Катюша"-ро хонданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.