Иқдом барои афзоиши занони роҳбар дар ВМКБ

Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда дар шаҳри Хоруғ даврҳои омӯзишӣ баргузор кардаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Барои занони то 40-солаи мақомоти маҳаллии ВМКБ даврҳои омӯзишӣ баргузор гардид, ки ҳадаф аз он таҳкими иштироки бонувон дар идораи давлат арзёбӣ гардид.
Тибқи иттилои Академияи идоракунии давлатӣ, ба даврҳои омӯзишӣ 25 нафар зан аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷалб гардидаанд.
Интизор меравад, ки баъди бозомӯзӣ занон барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар гарданду ба мақомҳои баландтари давлатӣ таъйин гарданд.
Ин иқдом дар ҳолеянд, ки моҳи апрели соли равон ҳукумати Тоҷикистон барномаи ҷадиди давлатиро барои тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон қабул кард.
Дар Хуҷанд занони роҳбарро тарбия мекунанд
Ин санад, ки "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030" ном дорад, интизор меравад, ки барои зиёд шудани занони роҳбар мусоидат кунад.
Аз ҷумла дар доираи барномаи нав интизор меравад, ки то соли 2030 теъдоди занон миёни хидматчиёни давлатӣ ба 30% ва миёни кадрҳои роҳбарикунанда то 25% расонда шавад.
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, ба ҳолати аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 701 хидматчии давлатии шаҳрвандӣ фаъолият мекунад. Ӯ гуфт, аз миёни хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 4 ҳазору 518 ё худ 24,1%-ро занон ташкил медиҳанд.
Шумораи мақомдорони давлатӣ, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият мекунанд, ба иттилои Давлатов, ба 5 ҳазору 764 нафар мерасад. Аз ин шумора 1 ҳазору 113 нафар зананд, ки 19,3 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳанд.