Ба дави ниҳоӣ беш аз 9 ҳазор афсарони пулис ва Гвардияи Русия, ҳамчунин беш аз 500 корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ ҷалб шудаанд. Ходисахои вайрон кардани тартиботи чамъиятй ва ходисахои фавкулодда руй надоданд.
Ғайр аз ин, дар осмони Маскав 77 ҳавопаймозои худ парвоз кард.
9 май, дар Рузи ғалаба 33 гуруҳи тантанавӣ аз Майдони Сурх мегузарад, ки ба ҳайати он офитсерон, сержантҳо ва аскарони қисмҳо ҳарбии ҳавлаи Ғарбӣ дохил мешаванд.
Ғайр аз ин, донишҷӯён ва курсантҳои муассисахои таълимии ҳарбӣ, талабагони мактабҳои ҳарбии Суворов ва Нахимов, корпуси кадетии Кронштад ва аъзоёни ҳаракати умумироссиягии "Юнармия", инчунин намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши умумироссиягии казакҳо дар гузашт ширкат мекунанд.
Маълум аст, ки ба нишони пуштибонӣ аз низомиёни Русия ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар шакли ҳарфи Z дар болои майдон парвоз хоҳанд кард.
Таҷлили 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзи 9 май дар Маскав бо оташбозии идона анҷом меёбад.
Ёдовар мешавем, ки гузаштҳои низомӣ бахшида ба 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ дар 28 шаҳри Русия баргузор мешаванд. Танхо дар Москва зиёда аз 140 чорабинии оммавӣ пешбинӣ шудааст.