Володин ба кишварҳои аврупоӣ тавсия дод, ки Иттиҳодияи Аврупоро тарк кунанд

Раиси парлумони Русия ахиран эълон кард, ки хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо ягона роҳи ҳифзи истиқлоли ҳар як кишвари аврупоӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Дума (парлумон)-и Русия гуфт, ваҳдати аврупоӣ аз байн меравад ва агар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мехоҳанд, истиқлоли худро ҳифз намоянд, бояд Иттиҳодияи Аврупоро тарк намоянд.
"Ваҳдати аврупоӣ пош мехӯрад. Парлумони Аврупо хостори ислоҳоти амиқи Иттиҳодияи Аврупо шуд. Миёни тасмимҳои тасвибшуда лағви усули қабули тасмимҳои муҳими муштарак аст. Яъне пешниҳод шудааст, ки аъзо аз ҳуқуқи вето дар Иттиҳодияи Аврупо даст кашад”, — навиштааст Володин дар "Telegram"-аш.
Ба гуфтаи ӯ, акнун фикру андешаҳои кишварҳои алоҳида ва шаҳрвандони онҳо дигар ба инобат гирифта намешаванд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: Ғарб Украинаро бо додаҳои иктишофӣ таъмин мекунад
"Тавре вазъи имрӯзаи таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия нишон дод, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар ин масъала ягонагӣ надоранд. Аз ин рӯ мо бояд шаклҳои дигари қабули тасмимҳоро ҷустуҷӯ намоем ва аз усуле, ки солҳо вуҷуд доштанд, даст кашем. Миллионҳо нафар дар Аврупо аз ҳуқуқи овоздиҳӣ маҳрум мешаванд. Кишварҳои онҳо ниҳоят истиқлолро аз даст медиҳанд”, - илова кард раиси Думаи давлатии Русия.
Володин ҳамчунин қайд кард, ҳоло маълум нест, дар сурати боло рафтани нарх мизони бекорӣ ва мушкилоти бархоста аз тасмимҳои яктарафаи мақомоти аврупоӣ кӣ ҷавобгар хоҳад буд.
“Агар давлатҳое, ки имрӯз узви Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд, мехоҳанд, истиқлоли худро ҳифз кунанд ва аз манфиатҳои шаҳрвандони худ дифоъ намоянд, онҳо танҳо як роҳ доранд – аз Иттиҳодияи Аврупо хориҷ шаванд", - зикр кард раиси Думаи давлатии Русия.