ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ҳаҷми табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз аввали сол беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил додааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, ҳаҷми муомилоти мол бо як қатор кишварҳо коҳиш низ ёфтааст.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти семоҳаи аввали соли 2022, гардиши мол бо Қирғизистон, Ҳиндустон ва Покистон коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол бо Русия, Қазоқистон, Чин ва Ӯзбекистон табодули коло афзоиш ёфтааст.
"Ҳаҷми табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви СҲШ дар се моҳи аввали соли 2022 беш аз 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин шумор беш аз 909 миллион доллар воридоти коло аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аст", — омадааст дар гузориш.
Қобили зикр аст, ки шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар СҲШ Русия, Қазоқистон, Чин ва Ӯзбекистон мебошанд. Тоҷикистон бо ин кишварҳо ба маблағи 1,6 миллиард доллар тиҷорат кардааст.
Тавозуни савдо миёни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ ба самти манфӣ меравад – воридоти мол ба ҷумҳурӣ аз содирот ба таври қобили мулоҳиза зиёд аст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 43% афзоиш ёфтааст.
Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) як созмони байналмилалии доимии байниҳукуматӣ аст, ки аз ҷониби раҳбарони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. Соли 2017 раҳбарони кишварҳои узви СҲШ қарори пазируфтани Ҳинду Покистон ва соли 2021 Эронро ба ин созмонро имзо карданд.
Кишварҳои нозир дар СҲШ дар ҳоли ҳозир Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.