Сафари вазири умури хориҷии Русия ба Душанбе: Лавров бо кӣ мулоқот мекунад?

Рӯзи 13 май вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ барои баррасии мавзуъҳои минтақаӣ вориди пойтахти Тоҷикистон хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров "дар ҳошия"-и нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ чанд мулоқоти дуҷониба баргузор мекунад.
Дар ин бора муовини директори иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия Алексей Зайтсев хабар дод.
Нишасти вазирони корҳои хориҷӣ рӯзи 13 май дар Душанбе баргузор мешавад.

"Дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузории як қатор мулоқотҳои дуҷониба дар назар аст", - гуфт Зайтсев дар суҳбат бо хабарнигорон.

Ба гуфтаи вай, дар ҷаласаи Шӯрои вазирон ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ИДМ-ро баррасӣ карда, ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва густариши робитаҳо дар бахшҳои гуманитарӣ ва илмӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳанд кард.
Лавров аз рушди ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт
Қаблан хабар дода шуд, ки ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба таври анъанавӣ дар як сол ду бор баргузор мешаванд.
Ҷаласаи навбатӣ дар моҳи май дар Душанбе дар назар аст. Тирамоҳ, моҳи октябр он дар Нурсултон баргузор мешавад.
Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мақоми асосии иҷроияи ИДМ мебошад.
Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзо, аз ҷумла фаъолияти онҳоро дар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад.