ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Алексей Зайтсев, муовини директори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия ахиран дар нишасте дар Маскав ба рӯзноманигорон гуфт, НАТО эълон медорад, ки ҷонибдори қатъи ҳарчи зудтари ҷанг дар Украина аст, аммо рафтораш аз он шаҳодат медиҳад, хостори идомаи ҷанг дар ин кишвар аст.
"Сиёсати дуҷонибаи кишварҳои НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо боиси эҷоди хашм мешавад. Дар забон ҷонибдорӣ аз он мекунад, ки ҷанг ҳарчи зудтар хотима ёбад, аммо дар амал он чиро иҷро мекуннад, ки хилофи гуфтаҳои худи онҳост", - гуфт ӯ.
Оқои Зайтсев афзуд, арзаи силоҳ ба Украина афзоиш ёфтааст ва ҳазинаи он ба миллиардҳо доллар расидааст.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.