Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

СҶБ: Коронавирус дар ду сол 15 миллион одамро "кушт"

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, давоми ин муддат аз коронавирус бештар шаҳрвандони Аврупову Амрико ва сокинони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Шумораи умумии қурбониёни бемории коронавирус дар ду соли охир ба 14,9 миллион нафар расидааст. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар охирин гузориши худ хабар дод.
Намояндагони ин созмон омори маргу мири маризони коронавирусро дар солҳои 2020 ва 2021 ҳисоб кардаанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтидаанд. Ҳудуди 84 % фавт аз вируси COVID-19 маҳв ба ҳамин кишварҳо рост меояд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Русия доруи зидди коронавирус сабти ном шуд
Гузоришгарон ҳамчунин муайян намудаанд, ки аз бемории мазкур мардон нисбат ба занон бештар фавт карданд.
Аз шумори умумии қурбониён 57 % -ро мардон ва 43% -ро занон ташкил медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст бурузи ин вирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии уфунати мудҳиш шаҳри Вуҳани Чин гашт.
Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Эҳтимол он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузаштааст.
Вирус зуд аз шаҳр ба ин кишвар паҳн шуд. Дар натиҷа, 11 март СҶБ коронавирусро пандемия эълон кард.
Дар Тоҷикистон давоми чанд моҳ мешавад. ки ягон ҳолати нави сироятшавӣ аз коронавирус сабт нашудааст. Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 388 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Бар асари ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17252 нафар аз сокинони кишвар шифо ёфтаанд.