Аз ҳодисаи ғарқшавии ҷавони 19-сола ба идораи навбатдори оперативӣ-ҷустуҷӯии КҲФ шаби 6-уми май, соати 01:25 ба вақти маҳаллӣ хабар расидааст.
Гуфта шудааст, ҷавоне дар дарёи Душанбе, ки аз назди ресторани "Яккасарой" ҷорӣ мешавад, дар рӯи яке аз мукаабҳои оҳану бетонӣ часпидааст.
Гурӯҳи наҷотдиҳандагони бахши вокуниши сареи КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд.
"Наҷотдиҳандагон ҳангоми расидан маълум карданд, ки ҷавон бо сабабҳои номаълум ба яке аз садҳои бетонӣ ҳаракат карда, бар асари боришот ва ҷараёни шадид натавонистааст ба соҳил бирасад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки об ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои наҷот 15-17 дараҷа гарм будааст.
Наҷотдиҳандагон бо истифода аз ресмони бехатарӣ ба назди ҷавон расида, ӯро аз дарёи пурталотум берун оварданд.
Маълум шуд, ки ғарқшуда, сокини 19-солаи шаҳри Душанбе будааст.
Пас аз баровардан ӯро ба бемористони шаҳри Истиқлол бурдаанд.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаҳрвандонро даъват менамояд, ки дар наздикии обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва дар ҷойҳои мамнуъ оббозӣ накунанд.