Иштироки Раҳмон дар маросими гулчамбаргузорӣ дар Рӯзи ғалаба

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими гулчамбаргузорӣ ба муносибати 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузуги Ватанӣ иштирок хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik Раисҷумҳури Тоҷикистон, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар хоҳад гузошт, иттилоъ додааст ба Sputnik Тоҷикистон манбаъ аз мақомоти пойтахт.
Тибқи иттилои манбаъ, маросими гулчамбаргузорӣ бо иштироки горди фахрӣ сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Уктам Акрамов, муовини раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти кишвар дар рӯзи 9 май – Рӯзи ғалаба дар пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ "Ҳанги ҷовидон" ва гузашти низомӣ доир мегардад.
"Аз ҳукумати пойтахт барои гузаронидани чорабинӣ иҷозаи шифоҳӣ дарёфт намудем. Барои дарёфти посухи расмӣ низ нома ирсол кардем", - афзуд Уктам Акрамов.
Кумаки 15-ҳазории Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як аз куҳнасарбози ҶБВ
Вай гуфт, субҳи рӯзи 9 май дар майдони "Ғалаба", назди танк маросими баҳамоӣ ва гулгузорӣ сурат гирифта, пас аз он роҳпаймоӣ оғоз мешавад, ки то боғи "Ғалаба" идома мекунад.
Бояд гуфт, ки шаҳрдори дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон на тасдиқ карду на рад, кард. Шаҳрдорӣ гуфт, то ҳол дар бораи режаи низомӣ ва ҳанги ҷовидон тасмиме гирифта нашудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи фармони ахири раисҷумҳури кишвар ба ҳар иштирокчии Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 кумаки пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 9 май ҳамчун Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм ҷашн гирифта мешавад.
"Ҳанги ҷовидон" дар Душанбе бошукӯҳ баргузор мешавад
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор аз шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар шуда буданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд.
Мавриди ёдоварист, ки 68 нафар аз иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени "Шараф", ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталонҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шуда буданд.