ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар ИМА Ҷо Байденро ба он муттаҳам мекунанд, ки маҳз ӯ дар муноқиша бо Русия қадами аввалро гузоштааст.
Интихобкунандагони Ҷо Байден аз ҳукмронии ӯ он чизеро, ки интизор буданд, ба даст наоварданд, мегӯяд муҷрии "Fox News" Такер Карлсон.
"Рости гап, Ҷо Байден як офати бесобиқа аст. Ва ин муболиға нест. <…> Ҳеҷ гоҳ касе ба кишвари мо мисли Ҷо Байден ин корро накардааст", - оғоз кард рӯзноманигор.
Вай изҳор дошт, ки дар тӯли камтар аз яку ним соли дар сари қудрат буданаш ин сарвари давлати Амрико бозори коғазҳои баҳодорро хароб кард, буҳрони ғизоӣ ва муҳоҷиратро барангехт, ба болоравии сатҳи хушунат ва нашъамандӣ дар ҷомеа имкон дод ва кишварро ба низоъ бо Русия кашид.
"Ҳамаи ин ҷиноятҳои ошкор ва комилан барномарезишуда кори Ҷо Байден аст", - гуфт ӯ.
Карлсон қайд кард, ки мушкилиҳои Байден бо ин тамом намешаванд, дар ин мамлакат ғоратгарӣ вусъат ёфта, нобаробарии моликият меафзояд, мактабҳо баста мешаванд, нархи сӯзишворӣ рекордӣ шуд, шумораи одамони бехонумон, беморони рӯҳӣ меафзояд.
"Ин танҳо як қисми "хизмат"-ҳои Ҷо Байден аст. Ӯ ваъда дод, ки моро ба зиндагии одӣ бармегардонад. Аммо ӯ танҳо ҷанг ва суқути иқтисодӣ овард", - хулоса кардааст хабарнигор.
Вай афзуд, Ҳизби демократӣ барои амалҳои президент дар оянда ҷавоб хоҳад дод, дар ҳоле ки Байден ин нақшаро риоя мекунад - вай тарсро афзоиш медиҳад ва шикоят карданро манъ мекунад.
Илова бар ин Карлсон сарвари давлатро муттаҳам кард, ки ӯ амрикоиҳои мухолифашро бузургтарин таҳдид ба амнияти миллӣ номиду онҳоро ба ифротгароён баробар кард.