Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тошиев аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ кард: ӯ чӣ гуфт?

Дар Қирғизистон масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи марзҳои давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Муовини раиси Девони Вазирон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев, ки роҳбари ҳайати ҳукуматии аломатгузории сарҳади ин кишвар бо давлатҳои ҳамсоя мебошад, дар робита ба масъалаҳои сарҳадӣ ҷаласа баргузор намуд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Девони Вазирон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа аъзои доимии ҳайати Ҳукуматии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон ширкат дошт.
Дар ин нишаст масъалаҳои марбут ба аломатгузории сарҳадҳои давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

"Тошиев қайд кард, ки кори ҳайати ҳукуматӣ бо назардошти манфиатҳои Қирғизистон сурат гирифта, аз ҷумла гуфтушунидҳо бо ҳайатҳои кишварҳои ҳамсоя идома доранд", - хабар медиҳад дафтари матбуотии Девони Вазирон.

Дар ҷамъбасти ҷаласа Тошиев ба аъзои ҳайати Ҳукуматии Қирғизистон як қатор супоришҳо додааст, афзуд манбаъ.
Пештар Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки масъалаи тааллуқ доштани заминҳо танҳо ба фоидаи Тоҷикистон ё Қирғизистон ҳал намегардад.
"Мо масъалаи марзро бо муросо ва гузашт барои ҳар ду ҷониб ҳал хоҳем кард", - гуфта буд Тошиев.
Посухи Тошиев ба такрори ҳаводиси марзӣ бо Тоҷикистон ва тамринот бо "Байрактар"
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянии қисматҳои дигари марзӣ мунтазам боиси таниши ҷонибҳо мегардад, ки баъзан ба даргирии мусаллаҳона ва хунрезиҳо мепечад.
Роҳи дигар нест: Раҳмон аз пешрафту мушкилоти музокироти марзӣ бо Қирғизистон гуфт
Маврид ба зикр аст, ки дар охири моҳи апрели соли 2021 дар мазеи тавзеи оби мавсум ба "Головной" муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.
Задухӯрди байни сокинони маҳаллӣ бо задухӯрди низомӣ анҷом ёфт. Дар натиҷа даҳҳо нафар аз ҳар ду ҷониб ҳалок гардид.
Чаро марзи Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд ба макони даргирӣ табдил меёбад? Видео
Рӯзи 27 январ дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло як муқовимати дигари мусаллаҳона сурат гирифт. Ин даргирӣ бо ҳалокати ду нафар ва захмӣ шудани 17 тани дигар поён ёфт.
Охирин даргирии марзӣ 12 апрели соли равон рух додааст.
Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.