ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Соли ҷорӣ ҳаҷми майдони кишти ғалла ба 80 ҳазор гектар расонида шуд. Дар ин бора аз шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи Сарраёсати кишоварзии Суғд гуфт, ки нисфи зиёди ин майдони зироатро кишти гандум ташкил медиҳад.
"Аз майдони умумии кишт чиҳил ҳазор гектор ҷав ва чиҳил ҳазор гектори дигар гандум мебошад", - афзуд Маҳмудзода.
Ин масъули кишоварзии Суғд мегӯяд, ин танҳо омори бахши ҷамъиятӣ, яъне хоҷагиҳои кишоварзӣ аст ва масоҳати умумии ғалладонигиҳо, ки сокинон дар заминҳои лалмӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ кишт намудаанд, дар моҳҳои июн ё июл маълум хоҳад шуд.
Номбурда бо истинод ба маълумоти омории идораи кишоварзӣ гуфт, замини кишти гандуми баҳорӣ дар муқоиса ба соли гузашта 3 ҳазор га зиёд ва ба 18 ҳазор га баробар шудааст.
Майдони кишти гандуми тирамоҳӣ 22 ҳазор га рақам зада мешавад. Соли гузашта аз майдони 38 ҳазор га гандум 123 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шудааст. Бо фарох намудани замини кишти гандум кишоварзони Суғд ҳосили бештар аз соли гузашта умедворанд.
Коршиносони умури иқтисодӣ мегӯянд, зиёд истеҳсол шудани гандум метавонад омили арзонии нархи коркарди ин маҳсулот дар бозорҳо гардад. Аммо ҳосили кишти ғалладонагиҳо то кунун талаботи бозори дохилии кишварро таъмин карда наметавонад ва ба ҳамин далел гандуму орд аз хориҷи кишвар, умдатан аз Қазоқистон ва Русия ворид мешавад.
Бино ба маълумоти оморӣ, соли ҷорӣ дар феҳристи колоҳои аслии воридотӣ ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум дар ҷои аввал қарор доранд. Ҳаҷми воридоти гандум давоми моҳҳои январ -марти соли ҷорӣ ба 60,1 миллион доллар ва орд 11,1 ҳазор тонна, ба маблағи 3,5 миллион доллар гуфта мешавад.
Дар оғози соли ҷорӣ дар пайи болоравии қурби доллар арзиши як халтаи 50-килоии орди навъи олӣ то 330 сомонӣ дакка хӯрда ва ин ҳолат боиси нигаронии аксари сокинон гардида буд.
Ҳоло арзиши 50 кило орди навъи якум то 290 сомонӣ ва навъи дуюм аз ин ҳам арзонтар, то 260 сомонӣ дар бозорҳои Суғд поин рафтааст.