Лукашенко имкони истифодаи силоҳи ҳастаиро ғайриқобили қабул хонд

Раисҷумҳури Беларус имкони истифода аз силоҳи ҳастаиро ғайриқобили қабул хонд. Ӯ гуфт, "агар истифода шавад, худи мо нобуд хоҳем шуд"
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Истифодаи силоҳи ҳастаӣ қобили қабул нест, гуфт кишвардори Белорус Александр Лукашенко.
Хабарнигори "Ассошиэйтед пресс" рӯзи панҷшанбе зимни мусоҳиба назари Александр Лукашенкоро дар бораи имкони истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар сурати тамдиди амалиёти ҷангӣ дар Украина пурсидааст.

"Ман бовар дорам, ки истифодаи силоҳи ҳастаӣ ғайриқобили қабул аст, зеро он дар паҳлуи мост. На дар он тарафи уқёнус, ба монанди Иёлоти Муттаҳида. Ин тамоман қобили қабул нест... ", - иқтибос меорад хадамоти матбуотӣ аз суханони Лукашенко.

Вай таъкид кард, ки "истифодаи силоҳи ҳастаӣ қобили қабул нест, чун дар сурати истифода аз он худ нобуд хоҳем шуд", - хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба дафтари матбуотии раҳбари Беларус.
"Метавонад Русия ё не, ин суолро аз раҳбарияти Русия бояд пурсед", - гуфт ӯ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кремл овозаҳо дар бораи эҳтимоли эълони басичсозӣ дар Рӯзи ғалабаро "сафсата" хонд
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд.
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март, онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро Русия озодкунии Донбасс номид.