“Ҳақиқати талх”: Аз олмониҳо даъват карданд, ба афзоиши доими нарх омода бошанд

Вазири рушди иқтисоди Олмон ахиран дар ҷамъи соҳибкорони кишвараш аз сокинони Олмон даъват кард, ки ба афзоиши доими нарх омода бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Роберт Ҳабек, вазири рушди иқтисоди Олмон аз ҳамватанони худ даъват кард, ба нархи баланди нерӯи барқ ​​барои муддати тӯлонӣ омода бошанд, иттилоъ додааст "Deutsche Wirtschafts Nachrichten".
Вай пас аз мулоқот бо раҳбарони иттиҳодияҳои соҳибкории хурду миёна гуфт: "Мо минбаъд низ нархҳои баландро бояд ба назар бигирем. Ин як ҳақиқати талху сахт аст".
Ба гуфтаи вазир, ҳукумат барои таъмини пардохтпазирӣ ва нигоҳ доштани мавқеи ширкатҳо дар бозор барномаҳои мухталифи кумакиро роҳандозӣ кардааст.
“Ман наметавонам ба шумо ин хабари талхро нагӯям: пеши роҳи болоравии нархи гурӯҳҳои гуногуни маҳсулотро гирифта наметавонем. Дар акси ҳол ин бор мо аз уҳдаи худ баромада наметавонем, — илова кард Ҳабек ва таъкид кард, ки “давраи сӯзишвории арзон ба охир расид”.
Илова бар ин ӯ пайомадҳои манфии эҳтимолии манъи нафти Русияро эътироф карда, қайд кард, ки чунин тадбир дар Олмон низ бетаъсир нахоҳад буд.
Олмон хостори ихроҷи сафири Украина шуд
Як рӯз пеш раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен бастаи шашуми таҳримҳо бар зидди Русияро эълон кард, ки ҷорӣ кардани манъи марҳалаи харидории нафт аз Русияро пешбинӣ мекунад. Аммо баъзе аз кишварҳои аврупоӣ дар ин бора ба созиш нарасиданд: Юнон, Малта ва Кипр ба манъи интиқоли нафти Русия мухолифат карданд.
Ба гуфтаи Александр Новак, муовини нахуствазири Русия, дар 5-10 соли оянда Иттиҳодияи Аврупо эҳтимол манобеи энержии Русияро комилан иваз карда тавонад.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина Ғарб таҳрими алайҳи Маскавро афзоиш дод. Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва маҳсулоти технологӣ таъсир расониданд. Аксари ширкатҳои номдор аз тарки бозори Русия хабар доданд. Кремл таҳримҳои навро ҷанги иқтисодӣ номид, аммо таъкид кард, ки онҳо ба чунин иқдоми ғайридӯстонаи кишварҳои Ғарб омода буданд.