“BBQ Group” тоҷиконро чӯҷапазӣ ёд медиҳад

Қарор аст, дар Тоҷикистон филиали ширкати "BBQ Group", ки дар самти тайёр кардани хӯрокҳои зудпаз аз гӯшти мурғ таҷриба дорад, ифтитоҳ шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ин мавзуъ зимни мулоқоти Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Хон Гин Юн, роҳбари ширкати кореягии "Genesis BBQ Group" баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳоди давлатӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот Хон Гин Юн фаъолияти ширкат дар самти тайёр кардани хӯрокҳои зудпаз аз гӯшти мурғ ва нақшаҳои минбаи ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Манбаъ хабар дод, ки ширкати кореягии "Genesis BBQ" зимни мулоқот дар бораи ифтитоҳи филиали ширкати "BBQ Group" дар Тоҷикистон ва дар солҳои оянда таъсиси филиали Донишгоҳи кореягии "BBQ Сhicken" дар ҷумҳурӣ таъкид шуда, ки ба ин васила ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешаванд.
Ҳамкорӣ бо Корея дар бахши кишоварзӣ тақвият меёбад
Дар ҳамин ҳол Шаҳноза Нодирӣ дар бораи фаъолияти МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” барои омода намудани мутахассисон маълумот дода, ташаббусҳои пешбинишуда бо мақсади иҷрои вазифаҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини шуғли пурмаҳсул ва тайёр кардани мутахассисон барои омода намудани таомҳои тезтайёрро ҷонибдорӣ намуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар фарҷоми дидор тарафҳо омодагии худро барои роҳандозии ҳамкории минбаъда барои таъсиси чунин коргоҳҳо ва тайёр намудани мутахассисон дар асоси санади дахлдор баён намуданд.