Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод

Хаҷми муомилоти молӣ байни ҷумҳурӣ ва ИДМ дар соли ҷорӣ рушди назаррас дошта, аммо содирот беш аз се баробар нисбат ба воридот камтар будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 901 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, савдо бо кишварҳои ИДМ 53,7% гардиши умумии муомилотро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ки нишондиҳанда 43 фисади афзоши гардиши колоро ташкил медиҳад.
Ба таъкиди Хадамоти гумрук, афзоиши савдо танҳо бо кишварҳои Туркманистон 4,8, Русия 1,7, Беларус 1,7 баробар афзоиш ёфтааст.
Қаблан Оҷонсии омори кишвар гуфта буд, ки шарикони аслии тиҷоратии кишвар аз ИДМ Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистонанд.
Тоҷикистону Русия дар остонаи ифтитоҳи "долони сабз"-и тиҷоратӣ
Ҳаҷми муомилоти мол бо Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион доллар, бо Қазоқистон беш аз 353,9 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 132,9 миллион долларро ташкил додааст.
Бино ба додаҳои Хадамоти гумрук, тиҷорати кишвар бо дигар кишварҳои ИДМ, аз қабили Арманистон, Молдова, Украина ва Қирғизистон ба сатҳи поин расидааст.
Бино ба гузориши хабаргузории "Авеста", тавозуни савдо бо кишварҳои ИДМ манфӣ буда, воридоти мол аз содирот беш аз 3,1 баробар зиёд будааст.
Тоҷикистон дар маҷмуъ ба ин кишварҳо ба маблағи беш аз 217,7 миллион доллар коло содир ва ба маблағи беш аз 683,3 миллион доллар ворид кардааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон то охири соли 2021 додугирифти худро бо кишварҳои ИДМ ба сатҳи рекордӣ расонд. Ҳаҷми он беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28 фоиз зиёд аст.