ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Душанбе боз як ҷавон барои озор додани як духтари роҳгузар ҷазо гирифт.
Ба иттилои Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, унвонии ин ниҳод як сокини пойтахт акси мошин ирсол намуда, аз кормандони милиса дархост намуд, ки нисбати ронандаи худрав чораҷӯӣ сурат гирад.
Ба таъкиди муроҷиаткунанда, ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, нисбати як ҷавондухтари роҳгузар беэҳтиромӣ карда, ӯро мавриди масхара қарор додааст.
Манбаъ меафзояд, пас аз қабули шикоят кормандони милиса ронадаи "духтарозор"-ро муайян ва дастгир намуданд. Номбурда сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Меҳробод будааст.
Зимни бозпурсӣ мавсуф ба кирдори содирнамудаи худ иқрор шуд ва изҳори пушаймонӣ намуд.
Бо вуҷуди ин вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ӯ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб шуд. Зимнан бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати даҳ шабонарӯз таъйин карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки бо вуҷуди муайяну дастгир ва ҷазо додани ҷавононе, ки нисбати ҷавондухтарон беэҳтиромӣ мекунанд ва шаъну шарафи онҳоро паст мезанад, ҳамоно ин гуна ҳолатҳо зиёд сурат мегиранд.
Яке аз чунин ҳолатҳо муддати зиёд дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Ин ҳолат дар нисбати духтари рӯзноманигори тоҷик Шаҳноз Комилзода иттифоқ уфтод. Ба таъкиди фарзанди Комилзода, роҳгузарон нахуст онҳоро дашном доданд ва баъдан баҳси лафзии онҳо ба задухӯрд анҷом ёфт.