Кишвардори пешини Афғонистон бо сафири Русия чиро баррасӣ кард?

Ҳомид Карзай бо вуҷуди ба сари қудрат омадани толибон ҳамоно як чеҳраи саршинос дар арсаи сиёсии Афғонистон боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов мулоқот кард. Дар ин бора Карзай рӯзи чаҳоршанбе дар "Твиттер" хабар дод.
"Рӯзи чаҳоршанбе раисҷумҳури асбақи Афғонистон Ҳомид Карзай дар сафорати Русия бо Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон дидор кард. Дар ин дидор вазъи кунунии Афғонистон ва ҳамчунин масоили таҳкими бештари равобити ду кишвар баррасӣ шуд", - навиштааст ӯ.
Карзай бо вуҷуди ба қудрат расидани толибон ҳамоно як чеҳраи саршинос дар арсаи сиёсии Афғонистон боқӣ мемонад ва давра ба давра бо раиси намояндагии дипломатии Русия ва дипломатҳои кишварҳои дигар дар Кобул мулоқот мекунад.
Карзай: Шукуфоии Афғонистон бидуни бозгашти духтарон ба макотиб мумкин нест
Толибон баъди эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нирӯҳояш аз он ҷо дар баҳори соли 2021 амалиёти густурда барои тасаллут бар Афғонистонро оғоз карданд.
Рӯзи 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва рӯзи 6 сентябр аз тасаллут бар тамоми қаламрави Афғонистон хабар доданд.
Рӯзи 7 сентябр толибон ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.