ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Миллатгароҳо дар таҳхонаҳои корхонаи "Азовстал" дар Мариупол садҳо сокини мулкию маҷруҳро нигоҳ медоранд, изҳор дошт Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон дар саҳифааш дар "Telegram".
Вай аз фармондеҳи нерӯҳои миллатгарои баталиони "Азов", ки дар ин корхона паноҳ бурдаст, даъват кард, ки ба майдони ҷанг барояд, то кор барои ҳамеша "поён ёбад".
"Ман барои он ки кӯдак гиря накунад, тамоми корро анҷом медиҳам, аммо то садҳо нафарро дар азоб нигоҳ медорӣ. Дар як бункер 170 нафар маҷруҳ, дар дигаре беш аз 150 сокини мулкӣ ва ту оромона вақтро тӯл дода истодаӣ", - изҳор дошт Қодиров.
Вай дар мавриди манбаи ин иттилоаш чизе нагуфт.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Русия, дар пайи роҳандозии низоми хомӯшӣ тайи рӯзҳои охир садҳо нафар аз қаламрави "Азовстал" берун карда шуданд. Аз беруншудаҳо бархеяшон тасмим гирифтаанд, дар Донбасс бимонанду гурӯҳи дигар рафтан ба қаламрави таҳти назорати Киевро ихтиёр намудаанд ва чунин имкон фароҳам шудааст.
Мақомоти Донетск мегӯянд, нерӯҳои украинӣ аз низоми хомӯшӣ дар "Азовстал" истифода карда, барои оташкушоӣ мавқеъҳои мувофиқро гирифтанд. Таъкид шудааст, ки дар натиҷа воҳидҳои артиши Русия ва Ҷумҳурии Донетск бо истифода аз алтиллерия ва авиатсия ба нобудсозии ин мавқеъҳо пардохтаанд.
Маврид ба зикр аст, нерӯҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва рӯзи 21 апрел вазири дифоъ Сергей Шойгу эълом кард, ки ин шаҳр комилан озод шудааст, аммо беш аз ду ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи миллатгароёни "Азов"(алайҳи ҷангиёни ин гурӯҳ дар Русия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст) дар корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.
Бо фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ҳамла ба минтақаи саноатӣ лағв шуд. Ӯ гуфт, ба муҳосирашудаҳо бори дигар пешниҳод шавад, ки силоҳро ба замин гузоранд ва таъкид намуд, ки бархӯрд бо онҳо бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегираду ба маҷруҳон кумак расонда хоҳад шуд.