Пешниҳоди ворид кардани нос ба рӯйхати маводи мухаддир дар Думаи давлатӣ

Дар Русия бо ишора ба паҳншавии нос миёни ноболиғон ва ишораҳо ба зарари он пешниҳод шудааст, ки он дар қатори маводи мухаддир дар ин кишвар шинохта шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ Султон Ҳамзаев бар ин назар аст, ки чунин як моддаи хатарноки дорои никотин ба мисли нос, ки миёни мактаббачагону донишҷӯён паҳн мешавад ва боиси нашъамандию марг мегардад, бояд ба феҳристи маводи мухаддири Федератсияи Русия ворид карда шавад.
Дар номае ба унвони вазири умури дохилӣ Владимир Колоколтсев, ки дар ихтиёри хабаргузории РИА "Новости" аст, вакил қайд мекунад, ки фурӯши нос боиси "мавориди вазнини заҳролудшавӣ, марг, шаклҳои гуногуни вобастагӣ ва гир кардани ҷавонон ба маводи мухаддир мегардад".
Вакил ҳамчунин паҳн шудани чунин моддаҳоро дар байни мактаббачагон ва донишҷӯён хатарнок мехонад.
Ҳамзаев пешниҳод мекунад, ки ин ниҳод як ташаббуси муштаракро таҳия ва пешниҳод кунанд, ки нос ба рӯйхати маводи мухаддири мамнуъ дар Федератсияи Русия ворид шавад.
Дар Тоҷикистон коҳиши бемориҳои сироятӣ сабт шудааст
Вакили Думаи давлатӣ гуфтааст, ки нос солҳои тӯлонӣ ҳамчун як навъи маҳсулоти тамоку барои Осиёи Марказӣ анъанавӣ ҷорӣ буд. Ҷузъҳои асосии нос тамоку ва ишқор будаанд.
Аммо ба гуфти ӯ, вақтҳои охир нос ба ҷуз як шакли нави маводи мухаддир чизе нест, ки аз реактивҳои гуногуни кимиёвӣ, аз ҷумла ширеш, ҳашиш (каннабис) ва соири дигар маводи мухаддир иборат аст.
Вакили парлумон аз ин ниҳод хоҳиш мекунад, ки вазъро зери назорат гирифта, ба шуъбаҳои минтақаии ВКД дастур диҳад, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маҳсуле маъруф ба нос чора андешанд.