ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарони ду давлат ба муносибати Иди мубораки Фитр ҳамдигарро шодбош гуфта, сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоиро ба мардумони ҳам таманно намудаанд.
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон дар арсаи мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати роҳбарони давлатҳо будаанд.
Мирзиёев ва Раҳмон аз ҷараёни феълии рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам ғанӣ гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба бо муҳтавои нави амалӣ изҳори итминон намудаанд.
Дар ин суҳбат Шавкат Мирзиёев аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ аз Ӯзбекистон боздид кунад.
Замони мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг карда мешавад, афзуд дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақаӣ, минҷумла вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар аҳди Шавкат Мирзиёев рӯ ба рушд ниҳода, феълан дар ҳамаи ҷанбаҳо равнақ ёфта истодаанд.