Маҳдудияти кори фурудгоҳҳои Маскав ба далели тамрини гузашти ҳавопаймоҳои низомӣ

Ба далели тамриноти гузашти ҳавоӣ бахшида ба солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ фаъолияти бархе аз фурудгоҳҳо дар шаҳри Маскав маҳдуд мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар фазои Маскав барои як муддат дар қабулу гусели ҳавопаймоҳо маҳдудият ҷорӣ мешавад, хабар додааст "Росавиатсия".
Ба иттилои манбаъ, маҳдудиятҳо ба далели тамриноти гузашти ҳавоӣ рӯзҳои 4 ва 7 май дар назар аст. Ҳамчунин кори фурудгоҳҳо дар рӯзи иди Ғалаба низ маҳдуд мешавад.
Таъкид шудаст, ки дар ин рӯзҳо кори Шереметево аз соати 10:40 то 11:05, Домодедово, Раменское ва Остафево аз 10:55 то 11:20, Внуково аз 10:50 то 11:15 маҳдуд мегардад.
Тағйирот ҳамчунин дар кори фурудгоҳи шаҳри Калуга - Грабтсево аз 09:40 то 10:40 ворид карда мешаванд.
Гузаштҳои ҳавоӣ бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба инчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Мурманск, Калининград ва Хабаровск дар назар аст.
Намоиши беназири ҷангандаҳои Русия дар фазои Маскав: видеои диданӣ
Мақомот дар ҳамаи ҳолатҳо ваъда медиҳанд, ки бехатарии ҳаракатро таъмин хоҳанд кард ва афзуданд, ки ба кори фурудгоҳҳои минтақаӣ гузаштҳои ҳарбӣ таъсире нахоҳанд дошт.
Ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, иттилоъ дод, ки дар гузашти низомии 9-уми май дар майдони "Сурх" 11 ҳазор нафар, 131 намуди техника ва 77 ҳавопаймою чархбол иштирок мекунанд.
Дар маҷмуъ гузаштҳои низомӣ бахшида ба 77-умин солагарди Рӯзи ғалаба дар 28 шаҳри Русия ба нақша гирифта шудаанд.
Тамриноти низомиёни Русия барои гузашт дар майдони "Сурх" инчунин рӯзҳои 4 ва 7-уми май дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар бархе аз хиёбонҳои марказии Маскав роҳҳо баста мешаванд ва сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд гузашти техникаи ҳарбиро тамошо кунанд.