Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши байнипарлумонии ҷавонони ИДМ

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байнипарлумонии ҷавонон дар шаҳри Санкт - Петербург бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои дигари узви ИДМ табодули донишу таҷриба мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Форуми байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ даҳаи аввали моҳи июн бо иштироки намояндагони Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар додаст "Ховар" аз қавли Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Ба иттилои манбаъ, ин чорабинӣ ба ду сана - солгарди таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки имсол 30-сола шуд ва 10-солагии Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонон бахшида шудаст.
Дар ин ҳамоиш иштироки вакилони ҷавони зинаҳои гуногун, намояндагони парлумонҳои ҷавонон ва роҳбарони сохторҳои ҷамъиятии ҷавонон иштирок мекунанд.
"Онҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории байналмилалии ҷавонон, чолишҳои кунунӣ ва нақши дипломатияи ҷамъиятии ҷавонон, масъалаҳои ҳифз ва рушди забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар ИДМ-ро баррасӣ хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.
Таҳкими савдо бо рубл миёни кишварҳои ИДМ
Ҳамчунин баргузории мизҳои мудаввар, машваратҳо, панелҳои мубоҳисавӣ ва дарсҳои омӯзишӣ дар назар аст. Ба сифати коршинос ходимони намоёни сиёсию чамъиятӣ, намояндагони мақомоти иҷроия ва ҳокимияти қонунгузор даъват гардидаанд.
Инчунин иштирокдорони форум аз ҷойҳои таърихию фарҳангии Санкт-Петербург, Қасри Таврический ва намоишгоҳи махсус боздид мекунанд.
Интизор меравад, ки намояндагони ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар он ширкат кунанд.
Соли гузашта дар феҳрасти иштирокдорони ҳамоиш аз Тоҷикистон, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ, намояндаи доимии ҶТ дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода ва Зоир Раҳмонзода қарор доштанд.