ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар Митишии Маскав бинои 9-ошёна оташ гирифт. Дар ин бора губернатори вилояти Маскав Андрей Воробёв дар шабакаи "Telegram"-и худ хабар дод.
Ӯ қайд кард, ки дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш 3 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар аз оксиди карбон заҳролуд шудаанд.
"Ҳоло сӯхтор хомӯш карда мешавад, хадамоти махсус дар ҷои ҳодиса кор мекунанд. Мутаассифона, кушташудагон ва захмиён, аз ҷумла бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ низ ҳастанд", — навиштааст Воробёв.
Губернатор ба шуъбаи тандурустӣ дастур дод, ки расонидани ёрии тиббиро ба сокинони хона, ки сари вақт эвакуатсия карда шудаанд, назорат кунанд.
"Ҳозир вазифаи роҳбар ин аст, ки мардумро ҷою ғизо диҳанд, дастгирии равонӣ кунанд ва дар ҳолати зарурӣ бо ҳуҷҷатҳо кумак намоянд", - афзуд ӯ.