Раъду барқ ва борони кӯтоҳмуддат: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Дар бархе аз минтақаҳои кӯҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон резиши барф дар назар буда, минтақаҳои дигари ҷумҳуриро борону раъду барқ фаро мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар аксари навоҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст, хабар доданд масъулини Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар баробари борон дар Суғд, Хатлон, Душанбе ва навоҳии тобеи марказ раъдубарқ низ пешгӯӣ мегардад, иттилоъ дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Манбаъ афзуд, дар баробари борони кӯтоҳмуддат, дар шарқи ВМКБ шабона дар баъзе ҳолатҳо барфи тар меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Дар мавриди вилояти Суғд зикр шудаст, ки ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва ҳамчунин раъду барқ ба амал меояд.
МАГАТЭ ба Тоҷикистон дар мубориза бо тағирёбии иқлим кумак мекунад
Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 15+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борони кӯтоҳмуддат ва ръду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад, таъкид кардан ҳавошиносон.