Пулиси Душанбе боздошти гуруҳи нозиронашро рад кард

Хабарҳо дар мавриди порагирӣ ва боздошти гурӯҳи нозирони минтақавӣ дар шаҳри Душанбе асос надоранд, изҳор доштаанд мақомоти умури дохилии пойтахт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гурӯҳи чорнафарии нозирони минтақавӣ дар шаҳри Душанберо боздошт накардааст.
Дар ин бора Раёсати умури дохилии Душанбе бо нашри як иттилоия хабар дода, матолиби паҳншуда аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи боздошти нозиронро рад кардаст.
"Гӯё аз ҷониби Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон якбора 4 нозири минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани пора дастгир шуда бошанд, аммо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надорад", - омадааст дар иттилоия.
Дар зимн мақомоти умури дохилии Душанбе эътироф кардаанд, ки танҳо як нозири минтақавӣ барои суҳбат ба мақомоти мубориза бо коррупсия даъват шудааст.
Коррупсия ва суистифода аз мансаб: баҳои додситони Суғд ба раванди даъвати наваскарон
Далели даъвати нозир ва тасмими мақомоти мубориза бо коррупсия дар мавриди ӯ зикр нагардидаанд.
Ҳамчунин Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯяд, ҳолати мавриди "облава" қарор гирифтани як нафар ҷавон ва барои раҳоии ӯ аз волидайнаш талаб намудани пора низ ҷой надорад.
"Нозирони минтақавии милитсияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пайи иҷрои уҳдадориҳои хидматии худ қарор дошта, баҳри таъмини тартибот ва осоиштаҳолии шаҳрвандон дар минтақаҳои хидматии худ фаъолият намуда истодаанд", - таъкид кардаст манбаъ.
Ин раддубадалҳо дар ҳолеянд, ки ҳамасола бархе аз шаҳрвандон дар Тоҷикистон аз ҳолатҳои ҷой доштани "облава" ҳангоми даъвати ҳарбӣ ва фасодкории бархе аз масъулин дар ин мавсим шикоят мекунанд. Мавсими баҳории даъвати наваскарон дар Тоҷикистон моҳҳои апрел ва май идома мекунад.