Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нахустин бор: Нашри навори амалиёти бомбафкани "Су-24М" дар Украина

Вазорати мудофиаи Русия барои аввалин бор бомбафкании "Су-24М" бо истифода аз парашютҳо аз баландии хеле паст дар Украинаро нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Навори бомбафкании "Су-24М" бо суръати зиёду аз баландии қариб баробар ба дарахтонро Вазорати мудофиаи Русия нашр кард.
Ба иттилои РИА "Новости", барои аввалин бор аст, ки мақомоти мудофиаи ин кишвар амалиёти "Су-24М"-ро дар ҳолати ҷангӣ нашр мекунанд.
Дар навор лаҳзаи парвоз дар сатҳи қариб баробар ба дарахтон намоиш дода шуда, ҳавопаймо бомбҳои пайваст ба парашютро мепартояд. Сипас барои фиреби дастгоҳҳои зиддиҳавоии рақиб қапқонҳои тафсонро мепартояду бо суръати баланд аз ҷои амалиёт дур мешавад.
Дар натиҷа ба иттилои мақомоти мудофиаи Русия паноҳгоҳҳои махсусан муҳим ва сахт муҳофизатшудаи рақиб нобуд гардиданд.
Ҳавопаймои "Су-24М" барои пас гардондани рақиб ва ё шикасти хатти дифои душман аз пастиҳои ниҳоят кам таҳия шуда, қобилияти хуби ҳаракат дар минтақаҳои дорои релефи гуногунро дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.