ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Маросими гусели 111 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ бо ҳузури мақомдорони баландпоя баргузор шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, донишҷӯён ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта, дар маросими гуселашон дар баробари раёсати ДМТ, инчунин Хайриниссо Юсуфӣ, муовини Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ иштирок кардаанд.
"Ҳудуди 100 нафар танҳо аз факултети ҳуқуқшиносӣ ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ сафарбар гардида, хатмкунандагони 18 факултети дигари донишгоҳ низ омодаи хидматанд", - омадааст дар иттилоия.
Профессор Қобилҷон Хушвахтзода, ректори ДМТ изҳор доштааст, ки барои ин гуна ҷавонон имтиёзҳо муқаррар шудаанд. Аз ҷумла мусоидат ба имтиҳоноти хатм ва қабули бенавбат ба магистратура дар феҳрасти имтиёзҳо зикр гардиданд.
Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иҷозат дод, то имтиҳоноти хатми донишҷӯёне, ки мехоҳанд, дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хидмат кунанд, пеш аз муҳлат супорида шаванд.
Дар Тоҷикистон барои хатмкунандагони муассисаҳои олии таълимӣ як соли хидмати ҳарбӣ муқаррар шудааст.
Мавсими даъвати баҳорӣ дар кишвар бо фармони раисҷумҳур моҳҳои апрел ва май идома меёбад. Масуъулин мегӯянд, бо вуҷуди аз талаботи артиш ба маротиб зиёд будани ҷавонони синни хизмати ҳарбӣ дар бархе ноҳияҳо мушкилот зимни иҷрои нақшаи даъват ба миён меоянд.
Дар даъвати баҳории имсола шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб мегарданд.