ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Созишномаи сулҳ бо Русия барои раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба маънои поёни низоми таҳти роҳбарии ӯ хоҳад буд.
Ин нуктаро муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "Telegram" баён доштаст.
Сиёсатмадори Русия мегӯяд, барои Зеленский сулҳ ин поёни кор аст ва тавзеҳ додааст, ки агар созиш кунад, корашро миллатгароҳо зуд ба охир мерасонанд. Гузинаи дуюм нисбатан дертар амалӣ мешавад, рақибонаш барои сарнагунии ӯ даст хоҳанд ёфт, афзуд Медведев.
Ноиби Шӯрои амнияти Русия изҳори бовар намудааст, ки Владимир Зеленский минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи либералияшро идома хоҳад дод.
"Зеленский минбаъд низ аз Ғарб пулу силоҳ канда, собит карданӣ мешавад, ки ӯ дар бозист ва охирин қалъаи демократияи аврупоист, ки хирси ватникпӯш мехоҳад нобудаш кунад", - навиштаст Медведев.
Раҳбари Украина, ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, ҳамчунин мунтазам ғамғорӣ дар ҳақи украиниҳоро низ вонамуд мекунаду аз онҳо чун сипари зинда ба дифоъ аз бандеровиҳо истифода мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.