Маъруфтарин нақлиёт барои ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон маълум шуд

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳиссаи ҳамлу нақли борҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин навъи нақлиёт қариб 100%-и ҳаҷми умумиро ташкил дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Аз авоили соли 2022 дар Тоҷикистон бо тамоми навъҳои нақлиёт беш аз 21 миллион тонна бор интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 11,5% бештар аст.
Ин маълумот аз гузориши Агентии омори ҷумҳурӣ бармеояд.
Дар баробари ин аз микдори умумӣ 19,6 миллион тонна бор дар боркашонии Тоҷикистон ба нақлиёти рӯизаминй рост меояд.
Дар муқоиса бо се моҳи аввали соли 2021 суръати афзоиши нақлиёти автомобилӣ то 11,3 фоиз афзуд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ин ниҳод, тавассути роҳи оҳан беш аз 1 миллиону 300 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113,6%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар се моҳи соли 2022 ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ 93,4 фоизи ҳаҷми умумии борҳои интиқолдодашуда, тавассути тамоми намудҳои нақлиётро ташкил дод.
Талабот зиёд шуд. Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Қаблан маълум шуда буд, ки аз аввали сол ба Тоҷикистон ба маблағи 95,2 миллион доллар мошин ворид шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2021 беш аз 30 дарсад зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол дар бозори дохилии мошинҳо бо шумули мошинҳои қаблан истеҳсолшуда ҳамагӣ 14,3 миллион доллар фурӯхта шудааст.
Мошинҳо асосан аз Аврупо ва Куриёи Ҷанубӣ ворид карда мешаванд. Ва дар бозори мошинҳои вазнин истеҳсолкунандагони чинӣ мавқеи пешқадамро ишғол мекунанд.
Содироти мошинҳо дар соли 2022 нисбат ба семоҳаи аввали соли 2021 3,7% афзоиш ёфтааст. Он замон ҳаҷми содирот беш аз 2,1 миллион долларро ташкил дод.