ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии пешини Афғонистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, иди саиди Фитрро ба миллату давлати Эрон ва ӯ табрик гуфт
Оқои Казай аз ҳамкориҳо ва кумакҳои кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Эрон ба мардуми Афғонистон барои убур аз мушкилоти кунунӣ қадрдонӣ кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин тамоси телефонӣ Ҳомид Карзай бо ишора ба ҳаводиси террористии ахир дар Афғонистон, зимни маҳкум кардани терроризм, ки мардуми бегуноҳро ҳадаф қарор дода, ояндаи Афғонистонро дар ҳамкорӣ ва ҳамроҳии тамоми ақвому ақшори мухталифи мардуми Афғонистон бо якдигар донист.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар навбати худ дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз масъулон ва тамоми мардуми Афғонистон, аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳони сарбаландӣ, рифоҳ ва шодии мардуми Афғонистон шуд.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, бо суръат бахшидан дар раванди ташкили давлати фарогир ва мубориза бо терроризм, заминаҳои ҳамкории Афғонистон бо ҳамсоягон ва дигар кишварҳои минтақа густариш ёбад.