ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар ҳамлу нақли мунтазами нақлиёт дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ ва мунисипалӣ-хусусиро истисно мекунад.
Ҳуҷҷати дахлдор аллакай дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Қаблан тибқи қонун "Дар бораи созишномаҳои консессионӣ" яке аз тарафҳои чунин созишнома метавонист шаҳрвандони хориҷӣ дар баробари шаҳрвандони Федератсияи Русия бошанд.
Тибқи қоидаҳои нав, сармоягузорони хориҷӣ наметавонанд интиқоли мусофиронро ташкил намоянд вале чунин маҳдудиятҳо ба шаҳрвандони хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахл надорад.
Илова бар ин, чунин маҳдудиятҳо на танҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дахл хоҳанд кард, балки акнун чунин ҳамлу нақл аз ҷониби шахсони ҳуқуқии Русия, ки "қарори онҳоро мустақиман ё ғайримустақим аз ҷониби шахсони воқеии хориҷӣ муайян карда метавонанд", созмонҳо ва давлатҳои хориҷӣ, низ наметавонанд анҷом диҳанд.
Дар баробари ин, инчунин таъкид карда мешавад, ки истисноҳо ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахл нахоҳанд кард.
Гузашта аз ин, пешбинй карда мешавад, ки маблағи тарифи танзимшавандаи боркашонӣ набояд аз андозаи ниҳоии тарифи танзимшавандаи боркашонӣ дар хатсайрҳои коммналӣ зиёд бошад.
Дар матни қонуни нав гуфта мешавад, ки метро аз объектҳои шартномаи консессионӣ хориҷ карда шудааст, аммо дар баробари ин механизм ба дигар намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ низ фаро гирифта шудааст.