https://sputnik.tj/20220502/muhojiron-tashkil-hamlu-naqli-musofir-rusiya-mamnu-1048129656.html
Ба муҳоҷирон ташкили ҳамлу нақли мусофирбарӣ дар Русия мамнуъ шуд
Ба муҳоҷирон ташкили ҳамлу нақли мусофирбарӣ дар Русия мамнуъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Русия қонунеро имзо гузошт,ки ба хориҷиён ташкили ҳамлу нақли мусофирбарро манъ мекунад. Маҳдудият ба шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО дахл надорад 02.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-02T11:00+0500
2022-05-02T11:00+0500
2022-05-02T11:00+0500
дар русия
қонун
нақлиёт
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/01/1048126371_0:0:3091:1739_1920x0_80_0_0_60f1a6ba1682992d3b90cae6ff609aa7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар ҳамлу нақли мунтазами нақлиёт дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ ва мунисипалӣ-хусусиро истисно мекунад. Ҳуҷҷати дахлдор аллакай дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Қаблан тибқи қонун "Дар бораи созишномаҳои консессионӣ" яке аз тарафҳои чунин созишнома метавонист шаҳрвандони хориҷӣ дар баробари шаҳрвандони Федератсияи Русия бошанд. Тибқи қоидаҳои нав, сармоягузорони хориҷӣ наметавонанд интиқоли мусофиронро ташкил намоянд вале чунин маҳдудиятҳо ба шаҳрвандони хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахл надорад.Илова бар ин, чунин маҳдудиятҳо на танҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дахл хоҳанд кард, балки акнун чунин ҳамлу нақл аз ҷониби шахсони ҳуқуқии Русия, ки "қарори онҳоро мустақиман ё ғайримустақим аз ҷониби шахсони воқеии хориҷӣ муайян карда метавонанд", созмонҳо ва давлатҳои хориҷӣ, низ наметавонанд анҷом диҳанд.Дар баробари ин, инчунин таъкид карда мешавад, ки истисноҳо ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахл нахоҳанд кард.Гузашта аз ин, пешбинй карда мешавад, ки маблағи тарифи танзимшавандаи боркашонӣ набояд аз андозаи ниҳоии тарифи танзимшавандаи боркашонӣ дар хатсайрҳои коммналӣ зиёд бошад. Дар матни қонуни нав гуфта мешавад, ки метро аз объектҳои шартномаи консессионӣ хориҷ карда шудааст, аммо дар баробари ин механизм ба дигар намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ низ фаро гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220403/viloyat-rusiya-kor-muhojiron-man-1047312252.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/01/1048126371_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_06a451e56c8c1eafcd377a9179b61446.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, қонун, нақлиёт, муҳоҷират
дар русия, қонун, нақлиёт, муҳоҷират
Ба муҳоҷирон ташкили ҳамлу нақли мусофирбарӣ дар Русия мамнуъ шуд
Кишвардори Русия қонунеро имзо гузошт,ки ба хориҷиён ташкили ҳамлу нақли мусофирбарро манъ мекунад. Маҳдудият ба шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО дахл надорад
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар ҳамлу нақли мунтазами нақлиёт дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ ва мунисипалӣ-хусусиро истисно мекунад.
Ҳуҷҷати дахлдор аллакай дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Қаблан тибқи қонун "Дар бораи созишномаҳои консессионӣ" яке аз тарафҳои чунин созишнома метавонист шаҳрвандони хориҷӣ дар баробари шаҳрвандони Федератсияи Русия бошанд.
Тибқи қоидаҳои нав, сармоягузорони хориҷӣ наметавонанд интиқоли мусофиронро ташкил намоянд вале чунин маҳдудиятҳо ба шаҳрвандони хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахл надорад.
Илова бар ин, чунин маҳдудиятҳо на танҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дахл хоҳанд кард, балки акнун чунин ҳамлу нақл аз ҷониби шахсони ҳуқуқии Русия, ки "қарори онҳоро мустақиман ё ғайримустақим аз ҷониби шахсони воқеии хориҷӣ муайян карда метавонанд", созмонҳо ва давлатҳои хориҷӣ, низ наметавонанд анҷом диҳанд.
Дар баробари ин, инчунин таъкид карда мешавад, ки истисноҳо ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахл нахоҳанд кард.
Гузашта аз ин, пешбинй карда мешавад, ки маблағи тарифи танзимшавандаи боркашонӣ набояд аз андозаи ниҳоии тарифи танзимшавандаи боркашонӣ дар хатсайрҳои коммналӣ зиёд бошад.
Дар матни қонуни нав гуфта мешавад, ки метро аз объектҳои шартномаи консессионӣ хориҷ карда шудааст, аммо дар баробари ин механизм ба дигар намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ низ фаро гирифта шудааст.