ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Сарвати умумии шахсони сарватмандтарин Русия аз аввали сол 45 миллиарду 484 миллион доллар коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад РИА “Новости” дар истинод ба Bloomberg Billionaires Index (BBI).
Тибқи иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, 500 сарватмандтарин шахсони ҷаҳон дар ба феҳристи BBI ворид шуданд, ки миёни онҳо 23 нафараш русҳо мебошанд. Сарвати имрӯзаи онҳо 328,04 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Сарватмандтарини рус яке аз роҳбарони аслии ширкати Норникел Владимир Потанин мебошад.
Аз аввали сол ӯ 645 миллион доллар даромад гирифта сарвати ӯ ба 31,5 миллиард доллар расидааст. Сарвати соҳиби ширкати “Новатэк” Леонид Михелсон ба 6,48 миллиард коҳиш ёфта –сарвати ӯ ба 26 миллиард доллар доллар расидааст. Ӯ дар ҷойи дувум қарор гирифтааст.
Соҳибкор Владимир Лисин 4,27 миллиард долларро аз даст дод, аммо аз зинаи чаҳорум ба сеюм баромад - дороии ӯ 23,7 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Дар сатри чорум соҳиби ширкати “Северстал” Алексей Мордашов бо 23,5 миллиард доллар қарор гирифтааст- сарвати ӯ 5,33 миллиард кам шудааст. Дар ҷои панҷум Алишер Усмонов (“Металлоинвест”, “Мегафон”) – 19,6 миллиард (коҳиши 1,63 миллиард), шашум –Вагит Алекперов, – сарвати ӯ 18,7 миллиард (коҳиши 3,09 миллиард) ташкил медиҳад.
Андрей Мелниченко, собиқ роҳбари ширкати “Еврохим” ва СУЭК, дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт – сарвати ӯ 853 миллион коҳиш ёфта ба 18,3 миллиард расидааст.
Дар ҷойи ҳаштум Виктор Векселберг бо дороии 16 миллиард доллар қарор гирифтаас. Сарвати ӯ 2,43 миллиард доллар коҳиш ёфтаст.
Дар ҳамин ҳол, соҳиби ширкати “Новатек” ва “Сибур” Геннадий Тимченко, ки ҷойи нӯҳумро ишғол мекард, бештар аз ҳама зарар дидааст. Сарвати ӯ қариб ҳафт миллиард доллар коҳиш ёфта, ҳоло ба 15,5 миллиард доллар расидааст.
Сулаймон Керимов, ки хонаводааш ширкати Полюсро дар ихтиёр доранд ба даҳгонаи аввал бо 14,4 миллиард (коҳиши 834 миллион) ворид шудааст.