Ғанӣ: 50 дарсади нуфуси кишвар мехоҳад, ки хокашонро тарк кунанд

Раисҷумҳури гурезии Афғонистон дар пайёми идонааш таъкид кардааст, ки мардуми кишвараш дар бадтарин вазъият торихӣ қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон, дар паёми идонааш гуфтааст, Афғонистон дар бадтарин вазъ дар таърихи худ қарор дорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай қайд кардааст, ки дар ин рӯзҳо барои ҳамаи мардуми Афғонистон зарур аст, ки ҳамдигарро бипазирем ва барои ҷилавгирӣ аз фалокатҳои минбаъда якҷоя кор кунем.
"Мо бояд аз таърих дарс бигирем", - афзуд ӯ.
Раисиҷумҳури фирории Афғонистон дар паёми идонаи худ ҳамчунин бар аҳамияти ризоияти миллӣ, аҳамияти таълими духтарону писарон, ҳамкориҳои минтақавӣ ва барномаҳои иқтисодӣ барои рафъи вазъи кунунии кишвар таъкид кардааст.
Ашраф Ғанӣ мушовири ҳукумати Толибон мешавад?
Вай афзудааст, ки 50 дарсади аҳолии кишвар мехоҳанд замини худро тарк кунанд.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар идома гуфт, ки қудрат василаи хидмат аст, на василаи харобкорӣ.
"Мо афғонҳо 99,99 дарсад мусалмон ҳастем. Ҳамеша такрор шудааст, мушкил дар дин Ислом нест, балки мушкил дар мо мусалмонон аст", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки 15-уми августи соли гузашта Ашраф Ғанӣ бо як гурӯҳи наздиконаш аз Афғонистон фирор кард ва кишварро бо тарк карданаш ба беқудратӣ рӯ ба рӯ кард. Толибон ҳам аз ин фурсат истифода намуда нерӯҳои худро вориди Кобул карданд ва қудратро бидуни ҳичгуна даргирӣ тасаруф карданд.