Вазорати мудофиаи Русия навори тахриби иншооту техникаи низомии Украина аз сӯи чархболҳои Ка-52-ро нашр кард.
Дар навор нишон дода мешавад, ки чи гуна бахшҳои овезони чархбол бо мушакҳо мусаллаҳ карда мешаванд ва сипас Ка-52 ба ҳаво баланд мешавад. Дар идома лаҳзаҳои зарбазании чархбол ба макони ҷойгирифтаи нерӯҳои украинӣ ва бозгашт ба пойгоҳ намоиш дода шудаст.
"Зарбаҳои ҳавоӣ аз сӯи ҷуфти чархболҳо амалӣ карда шуд. Партоби мушакҳо аз масофаи беш аз 5 километр амалӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки дар пайи ин зарбаҳо нуктаи фармондеҳӣ ва техникаи зиреҳпӯши воҳидҳои низомии Украина нобуд карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин намуди чархболҳои зарбазану истихборотӣ барои амалиёт дар баландиҳои камтар аз замин пешбинӣ шуда, барои нобудсозии техникаи зиреҳпӯш ва ҳайати ҳариф истифода мешаванд.
Аз нерӯҳои ҳавоии низомии Русия дар Украина барои ҳимояи қатори мошинҳои низомӣ, тахриби мошинҳои зиреҳӣ, интиқоли десант ва бори низомӣ истифода мешавад.
Коршиносони низомӣ мегӯянд, "Аллигатор"- ҳо амалҳои ҳуҷумкунандаи мошинҳои тирандоз ва танкчиёнро аз ҳаво фаъолона дастгирӣ мекунанд, воҳидҳои десантиро дар паси хати душман зуд интиқол медиҳанд, мошинҳои зиреҳпӯши Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар фазои васеи амалиётӣ ба таври методӣ нобуд мекунанд, корвонҳоро ҳамроҳӣ мекунанд ва борҳои ҳарбиро интиқол медиҳанд.
Қаблан чархболҳои Ка-52 дар Сурия аз озмоиши ҷиддие гузаштанд.