ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Маблағе, ки ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ пардохт мекунанд, барои беҳтар кардани шароити хизмат харҷ мешавад.
Ин нуктаро генерал Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни як ҷаласа дар парлумон изҳор дошт.
Ӯ таъкид намудаст, ки аз ҷумла пулҳои ҷамъоваришуда барои сарулибос, ғизо, сохтмони иншоот ва беҳтар кардани шароити хизмати сарбозон сарф мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар баробари хизмати муқаррарии аскарӣ, хизмати алтернативӣ роҳандозӣ гардид, ки бо пардохти маблағи муайян амалӣ мешавад.
Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ҳаҷми маблағ ба ивази адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.
Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз аввали соли ҷорӣ 64 сомонист ва мутаносибан нархи хизмати алтернативӣ дар соли равон ба 26 ҳазору 880 сомонӣ баробар мебошад.
Шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир андохтани муҳлати хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран бо пардохти маблағи зикршуда аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ гузаранду билети ҳарбӣ гиранд.
Ин дар ҳолест, ки феълан дар ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳории наваскарон идома дошта, мақомоти мудофиаи ҷумҳурӣ мегӯянд, мушкиле дар ин бахш ҷой надорад. Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳолатҳои ҷой доштани сарбозшикор ё худ "облава" ва ё ҷалби донишҷӯёну муаллимон ба хизмати ҳарбӣ шикоят доранд, ки ғайриқонунӣ арзёбӣ мегардад.