Исломҷон Холиқов аз ҳаққи доварӣ дар қаҳрамонии Тоҷикистон - 2022 маҳрум шуд

Довари тоҷик бо қарори Департаменти доварон ва нозирони ФФТ дар ду давр аз ҳаққи ҳакамии ҳама мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон маҳрум шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Исломҷон Холиқов довари канории бозии даври чоруми қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Равшан"-и Зафаробод аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад,к и чунин қарор аз ҷониби департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон бароварда шудааст.
Ҳамин тавр, довари канории бозии даври чоруми чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб – "Равшан"-и Зафаробод ро аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуд.
Роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" истеъфои Рустам Хоҷаевро қабул накард
Бино ба гузориши ФФТ, ёвари дуюми довари марказии бозии қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб – "Равшан"-и Зафаробод Исломҷон Холиқов (Душанбе) тибқи банди 2.3.-и зербанди 2 (гирифтани баҳои ғайриқаноатбахш)-и Кодекси интизомии доварони ФФТ аз вазифа маҳрум шудааст.
Бо қарори Департаменти доварон ва нозирони ФФТ Исломҷон Холиқов дар ду давр аз ҳаққи ҳакамии ҳама мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон маҳрум гардид.
Пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон ду дастаи футболи Лигаи олии Чемпионати ҷумҳурӣ ҷарима шуданд.
Ду бошгоҳи футбол дар Тоҷикистон муҷозот шуданд: сабаб
Сабаби ҷаримаи дастаҳои Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон рафтори нодурусти мухлисони бошгоҳҳо аст.
Барои амали нодурусти мухлисон дастаи "Истаравшан" ва "Хуҷанд" ҳар кадоме ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима кардаанд.